Апрел 30, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Узвияти нозири Узбакистон дар Иттиҳодияи АвруОсиё

Маҷлиси олии Узбакистон пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё-ро ба унвони узви нозир, тасвиб кард.

Дар ҳамин иртибот, яксаду сию ду  нафар аз 150 намоянда дар ин раъйгирӣ мушорикат карданд, ки аз ин теъдод, ҳаштоду  шаш намоянда овози мувофиқ, сию ду  намоянда овози мухолиф ва чаҳордаҳ  намоянда низ овози мумтанеъ доданд.

Узбакистон аз замони истиқлоли худ дар соли 1991  дар маҷмуъ, дар 120 созмон ва ниҳоди байналмиллалӣ аз ҷумла созмонҳои иқтисодӣ, молӣ ва пулӣ узв шудааст.

Бо вуҷуди ин, пайвастани Узбакистон ба  Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё шикофи миёни сиёсатмадорони ин кишварро ташдид кард. Ҳамонанди он чи, ки дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз барои узвият дар ин иттиҳодия рух дод, дар Узбакистон низ дидгоҳҳо ва рӯйкардҳои мувофиқ ва мухолиф ба манзури пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё  вуҷуд доштааст.

Сиёсатмадорони мухолифи давлати Тошканд муътақиданд: Талошҳои Шавкат Мирзиёев  барои баррасии гузинаи узвият як кори беҳудааст. Чаро, ки Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё  як созмони заиф дар бисёре аз соҳаҳо аст ва узвияти Узбакистон беш аз ҳама ба нафъи Русия аст.

Ба бовари ин даста аз мухолифони давлати Тошканд, бо нигоҳе ба маншаи шикоятҳо дар бораи Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё, мушаххас мешавад, ки ба ҷуз Русия, ҳамаи аъзо бо ин иттиҳодия дар чолиш ва ҷадал ҳастанд.

Дар ҳамин иртибот, мувофиқони пайвастани давлати Тошканд бо АвруОсиё низ бар ин боваранд, ки бозорҳои Узбакистон дар пайи дастрасӣ ба бозорҳое ҳастанд, ки ё тавассути Русия ба шиддат контрол мешаванд ё ниёзманди ризояти Маскав барои дастрасӣ ҳастанд.

Илова бар ин, шумори зиёде аз ҷавонони ҷӯёи кори узбак дар Русия ва Қазоқистон ба кор иштиғол доранд ва теъдодашон дар маҷмуъ ба беш аз 2/2 миллион тан болиғ мегардад.

Ба ҳамин далел аст, ки узвияти Узбакистон дар Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё зарурӣ ва иҷтинобнопазир аст. Ин дарҳоле аст, ки мақомҳои давлати Тошканд низ ду омили аслии муҳоҷирони кории узбак ва дастрасӣ ба бозори кишварҳои узви ин иттиҳодияро ба унвони муҳимтарин далелҳои тамоюли Узбакистон ба узвият дар ин иттиҳодия зикр кардаанд.

Шакке нест, ки Узбакистон дар бархе аз соҳаҳои иқтисодӣ ба вижа кишоварзӣ, нассоҷӣ ва худравсозӣ , тавоноиҳои вижае касб кардааст ва дар инҳисори худ дорад.

Дар ҳоли ҳозир, кишварҳои Русия , Беларус , Қазоқистон , Қирғизистон ва Арманистон, аъзои аслии Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё  ба ҳисоб меоянд. Дар ҳоле, ки бахши аъзами тиҷорати Узбакистон бо ҳамин кишварҳо сурат мегирад. Дар ҳамин иртибот, хонум Ёгниа Вика-коршиноси рус, муътақид аст:  Яке аз мазитҳои узвияти Узбакистон дар Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё, осон шудани кори муҳоҷирони узбак дар Қазоқистон ва Русия хоҳад буд.

Ҷудо аз масоили дохилӣ ва минтақаии пайвастани Узбакистон ба Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё, масъалаи узвияти ин кишвар дар ин иттиҳодия дар буъди байналмиллалӣ ба вижа дар чорчуби рақобатҳои Русия ва Амрико низ бозтобҳое доштааст. Ба унвони мисол, вазири бозаргонии Амрико дар чорчуби ҳамоиши иқтисодии ин кишвар ва Узбакистон дар рӯзи 22 октябри соли гузашта (2019) эълом кард: Пайгирии узвият дар Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё метавонад раванди вуруди Узбакистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳониро печидатар намояд. Ин мавзеъгирӣ муҷиби вокуниши оқои Медведов- нахуствазири собиқи Русия шуд.

Дар ҷамъбандии куллӣ, бояд гуфт: Аъзои Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё, бо тараддуди озоди коло, сармоя, неруи кор ва хадамот дар марзҳои АвруОсиё мувофиқати худро эълом кардаанд.

Аъзои АвруОсиё  ҳамчунин дар пайи он ҳастанд, ки сиёсати муштараке дар заминаи энержӣ, саноат, кишоварзӣ ва воситаҳои нақлиёт иттихоз кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин имтиёзҳо, бадеҳӣ аст, ки пайвастани Узбакистон ва ҳатто Тоҷикистон ба Иттиҳодияи  иқтисодии АвруОсиё барои ин кишварҳо дорои мазиятҳои иқтисодӣ аст.

 

Барчасп