Ройзании вазири умури хориҷаи Эрон бо вазирони умури хориҷаи Лубнон ва Узбекистон дар Ню-Йорк
(last modified 2024-09-23T05:12:17+00:00 )
Сентябр 23, 2024 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири умури хориҷаи Эрон бо вазирони умури хориҷаи Лубнон ва Узбекистон дар Ню-Йорк

Вазири умури хориҷаи Эрон бо вазирони умури хориҷаи Лубнон ва Узбекистон дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар 79-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк сафар кардааст, бо  Абдуллоҳ Буҳбиб, вазири умури хориҷаи Лубнон ва Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷаи Узбекистон дидору гуфтугӯ карданд.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар 79-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳиди ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ дар садри ҳайате вориди Ню-Йорк шуд.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ субҳи рӯзи якшанбе дар садри ҳайати олирутбаи сиёсии озими Ню-Йорк шуд.

 

 

Барчасп