Май 05, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Корона, мавзӯи гуфтугӯи раиси ҷумҳури Қирғизистон бо ҳамтоёни узбак ва қазоқ

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар гуфтугӯ бо ҳамтоёни узбак ва қазоқи худ дар бораи тадбирҳои муштараки пешгирӣ аз шуйюи корона машварат ва ройзанӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз тамосҳои телефонии Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури ин кишвар бо ҳамтоёни қазоқистонӣ ва узбакистонии худ хабар дод.

Бар ин асос, раисоин ҷумҳури Қазоқистон ва Қирғизистон дар як гуфтугӯи телефонӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва таомул дар чорчуби ниҳодҳо ва созмонҳои чандҷониба гуфтугӯ карданд.

Баррасии барномаҳои мавҷуд барои ояндаи наздики равобити ду кишвар аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Қирғизистон буд.

Дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон ҳамчунин эълом кард, ки раиси ҷумҳури ин кишвар дар бораи равобити дуҷониба бо ҳамтои узбакистонии худ гуфтугӯ кардааст.