Май 07, 2020 13:11 Asia/Dushanbe
  • Гоми нахусти Узбакистон барои ҷуброни хасорати мардуми Қазоқистон

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон барои ҷуброни хасороти мардуми селзадаи Қазоқистон эъломи омодагӣ кард.

Шавкат Мирзиёев чаҳоршанбе панҷуми моҳи май гуфт: Узбакистон омодаи кумак барои ҳалли мушкилоти мардуми селзада дар хоки Қазоқистон аст.

Узбакистон ва Қазоқистон ба далели рақобатҳои ҷиддӣ ба манзури ба даст гирифтани раҳбарии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар шароити вижае қарор доранд.

Ба ҳамин далел, ҳаргуна таҳаррукоти раҳбарони ду кишвар маънодор аст. Ин дар ҳоле аст, ки зимоми раҳбарии ҳар ду кишвар тайи ду соли гузашта тағйироте кардааст.

Дар ҳақиқат, Узбакистон аз соли 2018  бо марги Ислом Каримов пас аз 29 сол раёсатҷумҳурии мудовим ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев  ва Қазоқистон аз соли 2019, пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев баъд аз 29 сол раёсатҷумҳурии пайваста ва рӯйи кор омадани Қосим Жомарт Токаев  шароити вежаеро таҷриба мекунанд.

Ба назар мерасад ҳар ду кишвар дар пайи анҷоми бархе ислоҳоти нарм ҳастанд. Дар ин иртибот, Сергей Сологов- коршиноси русии масоили Осиёи Марказӣ, муътақид аст: Дар Тошканд ҳамаи тағйирот нарм ва бо муваффақият анҷом шуда ва акнун бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев  дар Узбакистон, Нурсултон ва Тошканд саъй доранд раҳбарии минтақаро ба даст бигиранд.

Дар ҳақиқат, рақобатҳои суннатии раҳбарони Узбакистон ва Қазоқистон ба рақобатҳои нав ба манзури ба даст гирифтани раҳбарии Осиёи Марказӣ тағйири ҷиҳат додааст.

Ба ҳар ҳол, бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо, бояд гуфт: Эъломи омодагии раиси ҷумҳури Узбакистон барои имдодрасонӣ ба селзадагони Қазоқистон аз ду ҷиҳат дорои аҳамият аст.

Нахустин далели аҳамияти ин паёмро метавон вокуниши созандаи Шавкат Мирзиёев ба изҳороти ҳамтои қазоқистонии худ арзёбӣ кард. Мутаоқиби бурузи сел дар манотиқи марзии Қазоқистон, Қосим Жомарт Токаев- раиси ҷумҳури Қазоқистон дар паёми твиттерие эълом кард:  Ба далели саҳлингорӣ ва  ҳушдор надодан дар мавриди шикаста шудани сад, аз мақомҳои давлати Узбакистон шикоят мекунад.

Дар ҳақиқат, раиси ҷумҳури Узбакистон бо ин паём талош кардааст аз фишорҳои давлати Қазоқистон бикоҳад.

Ногуфта намонад, ки рӯзи шанбеи гузашта, дар пайи бориши сел, ки ба шикастани садди махзании Сардоба дар минтқаи Сирдарё дар хоки Узбакистон мунҷар шуд, илова бар бархе манотиқи маскунии ин кишвар, сел ва обгирифтагӣ дар вилояти марзии Туркистон дар заминҳои Қазоқистон, ҳазорон тан аз аҳолии қазоқро овора кард.

Дар воқеъ, бориши борон ва вуқӯъи селоб муҷиби овора шудани ҳазорон тан аз сокинони деҳоти марзии Узбакистон ва ҳамчунин оворагии даҳҳо ҳазор тан аз мардуми чандин деҳа дар вилояти Туркистони Қазоқистон шуд.

Дар маҷмуъ, 24 деҳа дар манотиқи марзии Узбакистон ва Қазоқистон ба зери об рафтааст. Тибқи эъломи раиси ҷумҳури Қазоқистон 10 деҳаи марзии Қазоқистон зери об рафта ва беш аз 22 ҳазор нафар маҷбур ба холӣ кардани хонаҳои худ шуданд.

Ба рағми сипарӣ шудани чандин рӯз аз вуқӯъи селоб ва оворагии наздик ба яксад ҳазор нафар аз сокинони Узбакистон ва Қазоқистон, зоҳиран созмонҳои имдодӣ дар заминаи кумакрасонӣ ба вижа дар Қазоқистон бисёр заиф амал кардаанд ва ҳамин амр муҷиби эътироз ва даргирии селзадагони қазоқистонӣ шудааст.

Дуввумин далели аҳамияти изҳороти ахири раиси ҷумҳури Узбакистонро низ бояд дар ростои идомаи рақобатҳои минтақаии ин кишвар бо Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.

Қазоқистон бузургтарин ва Узбакистон пурҷамъияттарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Ин ду вижагии муҳим дар минтқаи Осиёи Марказӣ, барои Узбакистон ва Қазоқистон шароите фароҳам кардааст то ба арсаи рақобатҳои минтақаӣ по бигузоранд.

Ду кишвар ҳамчунин 2203 километр (ду ҳазору дусаду се километр) марзи муштарак доранд. Бархурдорӣ аз марзи муштараки тулонӣ, бар аҳамияти ду кишвар дар Осиёи Марказӣ афзудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки рақобатҳои минтақаии ду кишвари ҳамсоя, бар бархе муносиботи ду тараф таъсироти мусбат ва манфӣ бар ҷой гузоштааст.

Дар айни ҳол, тардиде нест, ки рақобатҳои Узбакистон ва Қазоқистон, раҳбарони ду кишвари ҳамсояро беш аз пеш барои ҳамкориҳои мутақобил тарғиб кардааст.

 

Барчасп