Май 19, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба Қирғизистон таҳвил шуд

Кӯмакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қирғизистон барои муқобила бо вируси корона таҳвили мақомоти Бешкек шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бахши расонаии сафорати Эрон дар Қирғизистон, маҳмулаи кӯмакҳои башардӯстонаи пизишкии Эрон шомили беш аз 3 тонна дору ва васоили муҳофизати шахсӣ барои муқобила бо вируси корона рӯзи душанбе бо як парвози чартерӣ аз шаҳри Машҳад ба фурудгоҳи Манси Бешкек фиристода ва таҳвиди мақомоти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.

Кӯмакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бино ба дархости тарафи қирғизҳо ироа шуд.

Дар маросими супоридани кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон дар Бишкек, Жанат Бишанов, раиси Комиссияи муштараки Қирғизистон ва Эрон ва Вазири нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон, Қалисбек Шодиханов, Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ва Нурлан Абдул Раҳмонов, Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ва Саъид Харози, сафири Эрон ҳузур доштанд.

Сафири Эрон дар ин маросим зимни тақдир аз остондори Хуросони Разавӣ ва ҳавопаймои Кеш Эйри Эрон барои барқарории парвоз ва ирсоли кӯмакҳо ибрози умедворӣ кард, ки бахше аз ин кӯмакҳо бо ҳамоҳангии давлати Қирғизистон ба шаҳристони Ош, ки хоҳархондаи шаҳри муқаддаси Машҳад аст, ихтисос ёбад. 

Барчасп