Баргузории шашумин кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви ИДМ
(last modified Wed, 27 May 2020 14:09:11 GMT )
Май 27, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузории шашумин кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви ИДМ

Шашумин кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви Ҷомеа Ҳамсуд (ИДМ) имсол дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ ин нишаст аз 30 сентябр то 3 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти иҷроӣ чидамони барномаҳои дар назар гирифташуда ва намунаи гувоҳии ширкати афрод дар ҷашнвораи байналмилалии маҳоратҳои омӯзиширо таҳия карданд ва Кумитаи созмондеҳиро низ шакл доданд.

Теъдоди гурӯҳҳои ширкаткунанда аз кишварҳои мухталиф ҳам мушаххас шудааст ва қарор аст инҳо то 30 июн дархости расмии худро барои ширкат ба Вазорати омӯзиши Тоҷикистон ирсол кунанд. Кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд як рӯйдоди муҳиме дар ҳавзаи омӯзиш дар фазои кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ба шумор меравад, ки бисёре аз мутахассисонро барои баррасии ҳирфаии мушкилоти марбут ба тавсеаи бештари омӯзиш ва парвариш дар марзҳои кишварҳои ҳамсуд гирдиҳам меоварад.

Кунгураи омӯзгорон ва мураббиёни Ҳамсуд аз соли 2010 ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад. Нишастҳои қаблӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон баргузор шуда буд.