Май 30, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон, ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти намояндагони ду кишвар ҳосил шуда, вале мутаассифона, ҳанӯз иҷроӣ нашудааст.

Дар се даҳаи музокираи марзии муштараки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон 38 бор намояндагони ҳукумат, 48 маротаба гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва 21 бор гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар аломатгузории муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.