Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54095-Тавофуқ_барои_аломатгузории_60_дарсад_аз_хатти_марзии_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон
Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2020 10:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон аз тавофуқ барои аломатгузории 60 дарсад аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи хабаргузории давлатии Қирғизистон, ин тавофуқ дар натиҷаи музокироти намояндагони ду кишвар ҳосил шуда, вале мутаассифона, ҳанӯз иҷроӣ нашудааст.

Дар се даҳаи музокираи марзии муштараки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон 38 бор намояндагони ҳукумат, 48 маротаба гурӯҳҳои нақшабардорӣ ва 21 бор гурӯҳҳои ҳуқуқии ду кишвар аломатгузории муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.