Июн 02, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари даргузашти саркардаи Толибон бар асари корона

Сухангӯи Толибони Афғонистон даргузашти раиси ин гурӯҳ бар асари мубтало шудан ба Ковид-19-ро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи сешанбе гузориши нашрияи амрикоии  Foreign Policy мабни бар даргузашти Мулло  Ҳебатуллоҳ Охундзодаро рад кард ва гуфт, ки вай ҳамчунон раёсати Толибонро бар ӯҳда дорад.

Пеш аз ин нашрияи амрикоии  Foreign Policy дар гузорише иддао карда буд, ки саркардаи Толибони Афғонистон ба далели олуда шудан ба вируси корона ҷон бохтааст.

Бархе аз коршиносони масоили сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки расонаҳои амрикоӣ қасд доранд миёни сарони Толибони ин кишвар ихтилоф эҷод кунанд, то музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон баргузор нашавад.

Барчасп