Июн 03, 2020 19:45 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзии  Қирғизистон бо Узбакистон

Танишҳо ва даргириҳои марзии як ҳафтаи ахир дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ , бори дигар заминаи дидор ва гуфтугуҳои мақомҳои ин кишварҳоро фароҳам кардааст.

Пас аз дидори ҳафтаи гузаштаи мақомҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон , манобеи Узбакистон ва Қирғизистон низ аз дидори масулони ду тараф барои ҳали ихтилофҳои марзӣ хабар доданд.

Дар паи даргириҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта, даргирии марзии Қирғизистон ва Узбакистон низ баҳонае барои дидори мақомҳои ду кишвари ҳамсоя фароҳам кардааст. Дар ин росто ,муқарар шудааст мақомҳои баландпояи ду кишвар ба манзури костан аз мушкилоти марзӣ , дидор кунанд.

Дар идомаи танишҳо ва даргириҳо дар минтақаҳои марзии ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, ҳафтаи гузашта бори дигар сокинони минтақаҳои марзии Узбакистон ва Қирғизистон бо якдигар даргир шуданд. Ин даргири дар ҳоле рӯх додааст ,ки ҳафтаи гузашта низ дар минтақаҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон даргирии марзӣ ба талафоти инсонӣ аз ду тараф сабаб шудааст.

Ихтилофҳо ва марзбандиҳои дохилӣ ва маҳалӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ аз даврони низоми мутамаркази тасмимгирии Шуравӣ ба давлатҳо ва миллатҳои ин минтақа ба ирс расидааст. Дар воқеъ дар даврони султаи низоми камунистии Шуравӣ бар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ бавижа дар қарни 20 ти милодӣ , заминаҳои бурузи ихтилоф миёни давлатҳои маҳаллӣ ва миллатҳои ин минтақа ташдид шуд.

Барағми ба наздик ба се даҳа , аз сипари шудани истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ва гуфтугуҳои роҳбарони ин ҷумҳуриҳо, ихтилофҳои марзӣ миёни ин кишварҳо ҳамчунон ҳал ношуда мондааст.

Бо вуҷуди он ,ки Қазоқистон ва Туркманистон тақрибан ,тавонистаанд бештар масоили марзии худро бо дигар ҳамсоягонашон ҳал кунанд , бояд гуфт ; ихтилофҳои марзӣ миёни се кишвари Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳамчунон давом дорад ва робитаҳои ин се кишварро дучори буҳрон кардааст. Ба тавре ,ки мақомҳои ин се ҷумҳурии Осиёи марказӣ , ҳамвора якдигарро ба нақзи ҳарими марзҳояшон мутаҳам мекунанд. Дар ҳамин иртибот,Рафиқ Сайфиддин  соҳибназар ва коршиноси барҷастаи сиёсии Узбакистон, муътақид аст ; ихтилофҳо натанҳо миёни Қирғизистон ва узбакҳо ,балки миёни қирғизҳо ва тоҷикҳо ва миёни узбакҳо вуҷуд дорад. Ҳар низое дар ҳавзаи марзӣ метавонад ба ихтилофҳои густардатар миёни давлатҳои ин минтақа сабаб шавад.

Дар ин миён ,чунин ба назар мерасад ,ки бархе аз ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ бо тасавури бартарии сиёсӣ ва иқтисодӣ бар дигар кишварҳои ҳамсоя, ҳар чи бештар ба ихтилофҳои марзӣ доман мезананд. Узбакистон ва Қирғизистон бар сари таалуқи бахше аз минтақаҳои марзии якдигар аз ҷумла , Дараи Фарғона ихтилоф доранд. Дар соли 2016 милодӣ , Узбакистон дар марзи худ бо Қирғизистон неруҳои мусалаҳ ва зиреҳпуш мустақар кард. Дар вокуниш ба ин иқдом ,тарафи қирғизистонӣ эълон кард ; Узбакистон бо эъзоми персонали низомӣ ва таслиҳоти ҷангӣ ба минтақаҳои ихтилоф , тавофуқи ҳосилшудаи пешин миёни Бишкек- Токантро нақз кард. Илова бар ин , давлати Узбакистон бар бахше аз устони Уши Қирғизистон иддаои арозӣ дорад.

Ба ҳар ҳол , бояд гуфт робитаҳои Узбакистон , Қирғизистон таи чанд соли гузашта алалхусус таи моҳҳои ахир , фарозу нишебҳои камсобиқаеро таҷриба ва минтақаи Осиёи марказиро дастхуши чолиши наве кардааст.

Дар ин шароит,барағми он ,ки гуфтугуҳои мақомҳои баландпояи Узбакистон ва Қирғизистон ба унвони як мусакини муввақатӣ мункин аст мушкилоти марзии ду кишварро бартараф кунад , аммо баид аст ,ки ба ихтилофҳои мутақобили тулонии ду кишвар таъсири чандоне дошта бошад.

Барчасп