Се сол зиндон барои лату куб кардани маъмури полис дар Қазоқистон
(last modified Wed, 10 Jun 2020 07:37:57 GMT )
Июн 10, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
  • Се сол зиндон барои лату куб кардани маъмури полис дар Қазоқистон

Додгоҳи шаҳри Алмаатои Қазоқистон як занро ба иллати лату куб кардани маъмури полис ба се сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, гуфта шуда ин зан, ки номаш бурда нашуда дар тазоҳуроти ғайриқонунии мухолифони давлати Қазоқистон ширкат кардааст.

Шашуми июн мухолифони давлати Қазоқистон барои тазоҳурот аз тариқи фазои маҷозӣ иттилоърасонӣ карданд, ки чандин иҷтимои пароканда ташкил шуд, аммо полис онҳоро боздошт кард.

Интихоби Қосим Жомарт Токаев ба раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар оғози моҳи июн бо тазоҳуроти густурдаи мухолифон ҳамроҳ шуд.

Нурслутон Назарбоев- раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, ки ҳудуди 30 сол дар ин симат буд, 20 марти гузашта канорагирӣ кард.