Июн 18, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди кабинаи нави Қирғизистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон кабинаи нави кишварашро таъйид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс , Сурунбой Ҷинбеков раиси ҷумҳурии нави Қирғизистон кабинаи нави ин кишвар ба нахуствазирии Кубатбек Буруновро таъйид кард.

Ду рӯз пас аз он ,ки  Муҳаммадқулӣ Абдулқозиев аз нахуствазирии Қирғизистон истифо кард, Парлумон , Бурунувро ба унвони нахуствазири нав таъйид кард. Бурунов дар ҷаласаи Парлумон гуфт ; ҳамеша ба мардум хидмат кардаам ва дар ин лаҳзаи муҳим тамоми талошамроба кор хоҳам баст то хидмат ба мардумро идома диҳам. Васатҳои моҳи май , Парлумони Қирғизистон аз даст доштани эҳтимолии Муҳаммадқулӣ Абдулқозиев нахуствазири вақт дар муомила барои фуруши тифи фриконси радиоии 200 мегаҳертсӣ хабар дод.