Июн 24, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон

Додгоҳи Қирғизистон, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро ба 11 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳукми зиндон Аалмосбек Отамбоев дар иртибот бо озодии ғайриқонунии Азиз Батукаев, раиси як гурӯҳи ҷинояткори маҳаллӣ дар соли 2013 содир шуд.

Отамбоев ҳаштуми августи соли 2019 дар иқоматгоҳи худ дар рустои Койташ ба дасти мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон боздошт шуд.

Азиз Батукаев соли 2013 бар асоси аснод ва мадорики марбут ба як бемории дармоннопазир аз зиндон озод шуд, аммо баъдҳо мушаххас шуд, ки асноди пизишкӣ қалбакӣ будааст.

Таҳқиқот дар мавриди ин парванда дар баҳори соли 2019 бо масъалаи бардоштани масунияти қонунӣ аз Отамбоев аз сар гирифта шуд.