Июн 29, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи эътирозӣ дар шароити

Таҷаммуи эътирозӣ дар пойтахти Қирғизистон бо ҳузури ҳудуди ҳазор нафар баргузор шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, таҷамми  эътирозии алайҳи қонуни назорат бар фазои  маҷозӣ дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд .
 Дар ин таҷаммуъ беш аз ҳазор нафар ҳузур доштанду аз Сооронбай Жээнбеков Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон хостори тасвиб накардани ин қонун шуданд .
Ширкаткунандагон ба ғайр аз қонуни мазкур аз фаъолияти порлумони феълӣ ҳам норозӣ буданд .
Ба назари муътаризон , намояндагони порлумон  талош барои дифо аз манофеи миллӣ намекунанду баракс иқдом ба тасвиби қавонини зидди мардумӣ мекунанд . 

Онон дархости расмиро имзо карда ва ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ тақдим карданд.

Шаҳрвандони шаҳри Бишкек бо ишора ба густариши корона иҷозаи баргузории ин таҷаммуъро надода буд, аммо ширкаткунандагон бо риояти усули беҳдошти, монанди истифода аз ниқоб ва риояти фосилаи иҷтимоӣ эътирози худро баён карданд.

Қонун дар бораи пурзӯр кардани назорати интернет аз ҷониби вакилони парлумони Қирғизистон Гулшод Аслабойова ворид карда шуд, ки онро парлумон дар қироатҳои якум, дуюм ва сеюм дастгирӣ карда, ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ барои имзо мунтақил шуд.

Ба назари намояндагони порлумон қонуни мазкур ба тақвияти амнияти иттилоот кӯмак мекунад, чароки густариши паёмҳои козиб дар фазои маҷозӣ табдил ба таҳдиди ҷидди шудааст.

Аслибоев бо ишора ба ин қонун гуфт: "Дар шароити қарантина дар фазоҳои иҷтимоӣ паёмадҳои ғайривоқеӣ дар бораи корона ва адами ин беморӣ густариш ёфтааст,ки теъдоди зиёди шаҳрвандон онро бовар карданд.

Мухолифони ин қонун аз талоши давлат барои мубориза бо оппозитсия ва ташдиди беш аз ҳадди фазои маҷозӣ хабар медиҳанд.