Август 05, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 412 бемори нави КОВИД- 19 дар Қирғизистон

Вазорати беҳдошти Қирғизистон эълом кард: 412 бемори нави КОВИД-19 дар ин кишвар шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шинҳуво, дар баёнияи рӯзи сешанбеи Вазорати беҳдошти Қирғизистон омадааст, ки бо сабти ин теъдод аз мубталоён ба КОВИД-19, шумори кулли ин беморон дар ин кишвар ба 37 ҳазору 541 нафар расид.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Қирғизистон шумори фавтидагони корона дар ин кишвар низ бо марги ҳафт тани дигар дар 24 соати гузашта ба ҳазору 427 нафар расидааст.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 18 миллиону 444 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд, ки ҳудуди 700 ҳазор нафар аз онон ҷон бохтаанд.