Август 05, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Пештозии ду ҳизби “Мекеним Қирғизистон” ва “Биримдик” дар назарсанҷиҳои бархат

Назарсанҷии бархат дар Қирғизистон аз пештозии ду ҳизби “Мекеним” ва “Биримдик” дар интихоботи парлумонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Назарсанҷиҳои бархати сайтҳои хабарӣ ва таҳлилии Қирғизистон бо мушорикати ҳудуди 5 ҳазор корбари шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ҳизби сиёсии “Мекеним” ва ҳизби давлатии “Биримдик” дар интихоботи парлумонии Қирғизистон пирӯз мешаванд.

Раҳим Матраимов, муовини собиқи раиси Хадамоти гумрук, машҳур ба Раҳим Миллион аз ҳомиёни аслӣ ва раиси ҳизби “Мекеним Қирғизистон” аст.

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон 4 октябр баргузор мешавад ва таблиғот дар ин кишвар аз 3 сентябр оғоз ва 2 октябр ба поён мерасад.

Парлумони Қирғизистон 120 намоянда дорад ва олитарин ниҳоди тасмимгирӣ дар он кишвар аст.