Интишори вируси маргбортар аз корона дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i56421-Интишори_вируси_маргбортар_аз_корона_дар_Қазоқистон
Масъулони чинӣ аз интишори вируси маргбортар ва кушандатар аз вируси Ковид -19 дар Қазоқистон хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Интишори вируси маргбортар аз корона дар Қазоқистон

Масъулони чинӣ аз интишори вируси маргбортар ва кушандатар аз вируси Ковид -19 дар Қазоқистон хабар доданд.

Ба гузориши “Спутник”, Сафорати Чин дар Қазоқистон эълом кард, ки ин кишвар 1772 маврид аз ибтило ба ин бемориро дар нимаи аввали имсол шиносоӣ кардааст, ки бархе аз онҳо чинӣ ҳастанд.

Сафорати Чин аз шаҳрвандони худ хостааст, бо ҳамон равишҳои муқобила бо корона, барои муқобила бо ин вируси кушанда иқдом кунанд.

Дар ҳамин иртибот, Вазорати беҳдошти Қазоқистон гузориш дод, ин бемории ҷадид навъе илтиҳоби шуши ношинохта аст, ки бар асари он то кунун 451 нафар дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Аз сӯи дигар, раиси бахши муроқибатҳои беҳдоштӣ дар пойтахти Қазоқистон эълом кард, ки рӯзона ҳудуди 300 нафар аз мубталоён ба бемории илтиҳоби шуши ҷадид вориди бемористонҳо мешаванд.