Супурдани дувумин маҳмулаи кумакҳои Эрон ба Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i56533-Супурдани_дувумин_маҳмулаи_кумакҳои_Эрон_ба_Қирғизистон
Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон эълом кард,ки Эрон дувумин маҳмулаи кумакҳои инсондӯстона барои муқобила бо КОВЕД19-ро ба Бишкек супорид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 16, 2020 03:03 Asia/Dushanbe
  • Супурдани дувумин маҳмулаи кумакҳои Эрон ба Қирғизистон

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон эълом кард,ки Эрон дувумин маҳмулаи кумакҳои инсондӯстона барои муқобила бо КОВЕД19-ро ба Бишкек супорид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории 24.kg, маҳмулаи кумакҳои Эрон шомили таҷҳизоти пизишкӣ аз ҷумла дастгоҳҳои танаффуси маснуӣ, ҳароратсанҷ ва оксегинсанҷ ва намудҳои  гуногуни дастгоҳҳо барои озмоиши корона аст.

 Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон таъкид кард: Кумакҳои башардӯстонаи Эрон, нишондиҳандаи равобити гарми бародаронаи ду кишвар бар асоси ҳимояти мутақобил аст.

 Эрон моҳи май низ аввалин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи худ барои муқобила бо вируси коронаро таҳвили мақомҳои қирғизӣ дода буд.