Кӯмаки пизишкони олмонӣ ба Узбакистон дар муқобила бо корона
(last modified Sat, 22 Aug 2020 12:47:53 GMT )
Август 22, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки пизишкони олмонӣ ба Узбакистон дар муқобила бо корона

Пизишкони олмонӣ барои муқобила бо шуйюи вируси корона вориди шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, 10 пизишки олмонӣ рӯзи ҷумъа барои ироаи кӯмак ва табдули таҷриба бо пизишкони Узбакистон дар мубориза бо интиқол ва шуйюи вируси корона вориди ин кишвар шуданд.

Андреас Янссен, муовини директори Институти Роберт Коч оид ба ҳифзи байналмилалии тандурустӣ, гурӯҳи олмониро роҳбарӣ мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев гуфт: пизишкони даъватшуда аз Русия, Олмон ва Чин ҳамчунон дар ин кишвар фаъолият мекунанд ва 19 миллиону 889 ҳазор доллар барои 50 ҳазор корманди хадамоти фавриятҳои пизишкӣ дар Узбакистон подош дар назар гирифта шудааст.