Август 25, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Канор гузошта шудани ҳизби Қирғизистон аз интихоботи парлумонӣ

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон хориҷ шудани Қирғизистонро аз интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Эки пресс , ин комиссия рӯзи сешанбе тасмим гирифт асноди ҳизби Қирғизистонро ба он ҳизб  баргардонад ва бад ин тартиб  ҳизби ёд шуда имкони муаррифии номзади интихоботи порлумонии ин кишварро аз даст дод .
Шаби душанбе намояндагони аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Атамкан, Бирбал, Рифарма ва инчунин як гурӯҳи фаъолони иҷтимоӣ дар назди бинои Комиссияи марказии интихобот дар Бишкек ҷамъ омаданд, то дар бораи манъи иштироки Қирғизистон дар интихоботи парлумонӣ таъкид кунанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар Қирғизистон мебоист асноди сабти номи номзадҳои худро то соати 18 рӯзи 24 август  тавассути намояндаи расмии ҳизб ба камиссиюни марказии интихоботи ин кишвар таҳвил медоданд, аммо асноди ҳизби Қирғизистонро шахси дигаре ба камиссиюн таҳвил дода буд, ки ин мавзӯ  хилофи қонуни интихоботи ин кишвар ташхис дода шуд .
Намояндаи расмии Қирғизистон Элвира Абилдаева гуфт, ки бинобар бемор буданаш ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссияи марказии интихоботӣ пешниҳод карда наметавонад ва шахсеро ба он намоянда фиристодааст.
Ҳашт  нафар аз аъзои  камиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон ба бозгардондани аснод ба ҳизби Қирғизистону як нафар ба баррасии он дар комиссиюн овоз доданд .
Интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзи чаҳоруми октябри 2020 баргузор хоҳад шуд .

Барчасп