Сентябр 08, 2020 21:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Толибон ба Панҷшер дар солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд

Даҳҳо узви Толибон дар солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ба дараи Панҷшер ҳамла карданд ва шуморе аз мардумро гаравгон гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз Ирна , Сӯҳроби Сӯҳробӣ фармондори шаҳристони Обшори вилояти Панҷшер дар гуфтугӯ бо шабакаи яки телевизиюни Афғонистон гуфт : ҳудуди 60 нафар Толибон  рӯзи сешанбе ба минтақаи шаҳр Ғулғулаи ин шаҳристон ҳамла карданд ва пас аз гаравгон гирифтани шуморе аз мардум , онҳоро ба як масҷид мунтақил карданд .
То лаҳзаи ирсоли хабар , нерӯҳои амниятии Афғонистон  ин масҷидро барои наҷоти ҷони гаравгонҳо муҳосира кардаанд .
Толибон токунун дар ин бора чизе нагуфтаанд .
 дар 19 соли гузашта  нахустин бор аст, ки Толибон ба Панҷшер ҳамла мекунад .  
Панҷшер дар шимоли шарқи Кобул  зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд  қаҳрамони миллии Афғонистон аст .

Барчасп