Сентябр 17, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳалли ихтилофоти меҳвари дидори намояндагони Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Намояндагони Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои муайян ва аломатгузории марзҳои ду кишвар мулоқот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дар ин дидор, ки дар остони « Ҷалолобод»-и Қирғизистон баргузор шуд , тарафайн  ихтилофоти марзӣ дар ноҳияҳои Ала Бока ва Ақсаи, ин вилоят тибқи созишномаи марзи Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки 5 сентябри соли 2017 ба имзо расида буд, баррасӣ карданд.  
Пеш аз ин таъину аломатгузории марзҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба далели шуюъи вируси корона ба таъхир афтода буд .  
 Ӯзбекистону Қирғизистон  ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд, ки ҳазору 170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст . Ҳамчунин дар мавриди 10 дар сади қисмати мавриди ихтилоф низ тавофуқ ҳосил шудааст .

Барчасп