Сентябр 21, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Афғонистон ба суханони Трамп дар бораи Толибон

Вазорати хориҷаи Афғонистон шомгоҳи якшанбе ба суханони раисҷумҳури Амрико, ки Толибонро гурӯҳи зираку сарсахт хонда буд, вокуниш нишон дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз шабакаи Тулуъ, Гирон Ҳивод-сухангӯии вазорати хориҷи Афғонистон гуфт, ки суханони Доналд Трамп масрафи дохилӣ доштааст .

 Трамп рӯзи ҷумъа дар конфаронси хабарӣ гуфт : « Мо бо Толибон бисёр хуб муомила мекунем , онҳо бисёр сарсахт , боҳуш ва тезбин ҳастанд , аммо шумо медонед, ки онҳо низ аз ҷанг хаста шудаанд.»

Сухангуи вазорати хориҷаи Афғонистон дар мавриди ин суханон гуфт : « Изҳороти раисҷумҳури Амрико барои расонаҳо ва мардуми худаш баён шуда аст . Давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон кори худашро ба пеш ме‌барад.»

 Ба дунболи ҷонибдории Трамп аз Толибон , илова бар давлати Кобул бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон низ изҳороти Трамп дар мавриди Толибонро дар воқеъ наздик шудани беш аз ҳадди Кохи Сафед ба ин гурӯҳ ва ба заъф кашондани ҳукумати Афғонистон медонанд .

 Ба гузориши шабакаи Тулӯъ , 9 рӯз аз вуруди гуруҳҳои Кобул ва Толибон ба Давҳаи Қатар мегузарад, аммо ду тараф то кунун муваффақ нашудаанд, ки дар бораи дастури музокирот ба тавофуқ бирасанд .

 Охирин изҳороти намояндагони давлати Афғонистон дар Давҳа нишон медиҳад, ки онҳо ба расидан ба оташбас дар ин давр аз музокирот бисёр умедворанд; дар ҳоле ки гуруҳи Толибон дастёбӣ ба оташбаси фавриро ғайримумкин медонад .

 

Барчасп