Туркманистон роҳи оҳани минтақавии Афғонистон то марзи Тоҷикистонро хоҳад сохт
Мақомоти вазорати ҳамлу нақли Туркманистон эълом кардаанд, ки бо ҳазинаи хеш роҳи оҳани минтақавӣ миёни ин кишвар бо Тоҷикистонро дар қаламрави Афғонистони такмил хоҳанд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ба ин мавзӯъ пас аз дидори ахири мақомоти ҳамлу нақли Туркманистону Афғонистон таъкид шудааст .
Туркманистон қаблан 35 километр аз ин роҳро дар қаламрави Афғонистон такмил кард ва идомаи ин масир ба далели таъмин нашудани манобеи молӣ аз сӯи Тоҷикистон ба таъвиқ афтод.
Ҳамчунин дар солҳои ахири миёни Туркманистон ва Тоҷикистон бар сари нуқтаи иттисоли ин роҳи оҳан ихтилофи назарҳо ташдид шудааст .
Мақомоти Душанбе муътақиданд нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистони-Афғонистон ба ин кишвар бояд шаҳристони марзии Шаҳритус бошад, ки масири он кӯтоҳтару кам ҳазинатар аст.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тӯли бахши Афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кутоҳ хоҳад шуд .
Аммо мақомоти Туркманистон бар таъини бандари Ширхон дар вилояти Қундузи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ду кишвар пофишорӣ карданд, ки Тоҷикистони саранҷом ин пешниҳодро пазируфт.
Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақавӣ дар дидори раисони Ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ашхобод имзо шуд .