Сентябр 24, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Дарҷи номи модар дар шиносномаҳо нангу расвоӣ аст

Сухангӯи гурӯҳи Толибон муддаӣ шуд аз дидгоҳи мазҳабӣ зикри номи занон дар шиносномаҳо мамнуъ аст .

Ҳафтаи гузашта Ашрафғанӣ-раиси ҷумҳурии Афғонистон қонунеро имзо кард, ки бар асоси он аз ин ба баъд дар шиносномаҳои шаҳрвандони Афғонистон номи модар низ дар канори номи падар дарҷ мешавад.

 Забеҳ‌уллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи гурӯҳи Толибон ба Райтер гуфта аст,ки онҳо бо дарҷи номи модарон рӯйи картаҳои миллӣ ва шиносоӣ мухолиф ҳастанд .

Муҷоҳид муддаӣ шуд аз дидгоҳи мазҳабӣ зикри номи занон дар ҳар ҷой дар феҳристи мамнӯъиятҳо қарор дорад ва зикри номи модар,ҳамсар, хоҳар ва духтар аз лиҳози фарҳангӣ дар ҷомеъаи Афғонистон қобили таҳаммул нест .

 Саид Акбароқо-яке аз мақомҳои расмӣ дар даврони ҳукумати Толибон низ дар музокироти сулҳи ҳафтаи гузаштаи шаҳри Ҳарот дар бораи қонуни дарҷи номи модарон рӯйи картаҳои миллӣ гуфт :Дарҷи номи модар дар шиносномаҳо ва картаҳои миллии электроникӣ , нангу расвоӣ дар Афғонистон аст .

 Дар соли 2017 гурӯҳе аз занони Афғонистон пӯиши " Номам куҷост؟ "-ро барои дарҷи номи модарон дар картаи миллӣ ва шиносномаҳои шаҳрвандони ин кишвар роҳандозӣ карданд, ки имсол ба самар расид .

 

Барчасп