Сентябр 25, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли раёсати Конфронси таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё ба Қазоқистон

Қазоқистон раёсат бар Конфронси таомул ва эътимодсозӣ дар Осиёро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши Форс, нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви конфронси таомул ап эътимодсозӣ дар Осиё (CICA) ба раёсати Мухтар Тлеуберди, вазири умури хориҷаи Қазоқистони баргузор ва раёсати ин созмон барои солҳои 2020-2022 ба ин кишвар мунтақил шуд.

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон таъкид кард, ин кишвар дар давраи раёсати худ қасд дорад корҳо дар заминаи иҷрои амалии феҳристи иқдомоти эътимоди конфронси таомул  ап эътимодсозӣ дар Осиёро тақвият ва ҳамчунин иртибототи хориҷӣ бо соири созмонҳо ва ҳамоишҳои минтақаӣ густариш диҳад.

Дар ҳоли ҳозири27 кишвари мухталиф узви Конфронси таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё ҳастанд. 8 кишвар ва 5 созмони байналмилалӣ низ ба унвони нозири ин конфаронс мебошанд.

Дафтари дабирхонаи Конфронси таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дар Нур Султон, пойтахти Қазоқистон мустақар аст.

 

Барчасп