Сентябр 28, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Кашфи кони ҷадиди газ дар Ӯзбекистон

Вазорати энержии Ӯзбакистон аз кашфи кони нави "Мубораки Ҷанубӣ" дар вилояти Қашқадарё хабар медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати энержии Ӯзбакистон эълом кард : кони ҷадиди гази « Мубораки Ҷанубӣ » дар устони « Қашқадарё» ин кишвар кашф шуда, ки миқдори истихроҷи рӯзонаи гази табиӣ аз ин майдон 100 ҳазор метри мукааб ва яку як даҳум тонна гази конденсат аст .
«Шавкат Мирзиёев» дар моҳи июл гуфта буд, ки дар пайи густариши корона, содироти гази табии  Ӯзбакистон ба Чин ба як сеюм коҳиш ёфта ва содирот ба Русия  комилан мутаваққиф шудааст .
Ширкати миллии нафту гази Ӯзбакистон аз оғози соли 2019 иктишофоти заминшиносиро дар 5 минтақа оғоз карда, ки дар натиҷаи он 5 чоҳи ҷадид кашф шудааст .
 Ӯзбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табии  мақоми дувумро дар байни кишварҳои муштаракул манофеъ ( ҳамсӯд ) дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон аст .
Ин ҷумҳурии Осиёи марказӣ солона наздик ба 70 миллиард метри мукааб  гази табиӣ тавлид ва бахше аз онро ба Чину Русия содир мекунад .

Барчасп