Сентябр 29, 2020 22:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Путин аз ҳифзи субот дар Қирғизистон

Раисони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Русия дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаӣ ройзанӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков , ки дар садри ҳайате аз мақомоти олирутбаи ин кишвар ба Русия сафар карда бо Владимир Путин ҳамтоии русии худ дар шаҳр Сочи дидор кард .
Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар идома аз талоши нерӯҳои хориҷӣ барои дахолату тахриби равобити Русия ва Қирғизистон хабар дод ва гуфт: мардуми қирғиз интизори бисёре аз гуфтугӯҳоӣ раисони ҷумҳурии ду кишвар доранд .
Жеенбеков аз ҳимояти Русия аз кишвараш қадрдонӣ карду гуфт Бишкек ҳамеша барои равобити дӯстонаи торихии худ арзиш қоил аст .
Путин низ дар ин дидор гуфт Русияи комилан аз тамоми талошҳои мақомоти Қирғизистон барои ҳифзи суботи сиёсии дохилӣ дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Барчасп