Октябр 06, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи интихоботи порлумонии Қирғизистон расман ботил шуд

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон бо баргузории ҷаласаи вижа натоиҷи интихоботи порлумониро ботил эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , рӯзи сешанбе  каомиссияи марказии интихобот бо дархости 12 ҳизби сиёсии Қирғизистон, дар ҷаласаи вижае натоиҷи интихоботи порлумонии ин кишварро ботил эълом кард .
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон қарор аст тайи ду ҳафта, замони баргузории интихоботи муҷаддади порлумониро мушаххас кунад .
Муддати замони таблиғоти интихоботи дубора, аз 90 рӯз ба 60 рӯз  коҳиш хоҳад ёфт .
Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистони чаҳоруми октябр баргузор шуд ва дар он 16 ҳизби сиёсӣ ширкат карданд .
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, чаҳор ҳизби Биримедик, Макним Қирғизистон, Қирғизистон ва Бутан Қирғизистон бо зиёда аз 7% овозҳо даври аввалро паси сар карданд ва дигар ҳизбҳо миқдори зарурии овозҳоро ба даст оварда натавонистанд.
Дируз зуҳр  мӯътаризон ба натоиҷи интихобот, дар майдони Алма- ота таҷаммӯъ карданд .
Раҳбарони ҳизбҳои бозанда аз мақомот хостанд, ки натоиҷи интихоботро лағв кунанд, зеро ба назари онҳо раъйгирӣ бо тахаллуфоти ошкор анҷом шудааст .
Дар авохири асри душанбе  тазоҳуроткунандагон ба Кохи Сафед  юриш  бурданд ва даргирии байни полис ва мӯътаризон оғоз шуд, ки садҳо захмӣ ва як кушта ба ҷо гузошт .
Бомдоди имрӯз низ мӯътаризони Кохи сифедро тасарруф карданд ва Алмосбек Отамбаев раисҷумҳури пешин ва теъдоде аз мақомоти собиқи баландпояро аз зиндон озод карданд .
Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков  ин иттифоқотро талош барои ба зӯр дар ихтиёр гирифтани қудрат унвон кард .

Барчасп