Октябр 08, 2020 13:57 Asia/Dushanbe
  • Поёни бенатиҷаи нишасти намояндагони порлумони Қирғизистон

Ҷаласаи пӯшидаи парлумони Қирғизистон оид ба баъзе таъиноти нав ба ҳукумати муваққатӣ ва импичмент ба раиси ҷумҳурӣ бидуни натиҷа ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, сухангӯи маҷлиси Қирғизистон Мыктыбек Абдылдаев гуфт: интихоби Садир Ҷапаров ба симмати нахуствазир аз тарафи бархе намояндаҳо таъйид шудааст.

Дар нишасти шаби чоршанбе дар меҳмонхонаи Ҷаннат" -и пойтахти Бишкек, вакилони Қирғизистон низ бо импичменти Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков мувофиқат накарданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон фақат порлумон ба унвони қудрати қонунӣ боқӣ мондааст.

Аз замони эъломи натоиҷи интихоботи порлумони рӯзи якшанбе дар Қирғизистон эътирозот оғоз шуд.

То кунун дар эътирозот як нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.

Мухолифон дар Қирғизистон ҳамчунин чандин сохтмони давлатиро дар пойтахт ба тассаруфи худашон дароварда ва раиси ҷумҳурии собиқи ин кишварро аз зиндон озод карданд.

Барчасп