Ҳадя додан ба кормандони давлат дар Қазоқистон мамнуъ шуд
Октябр 09, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон қонуне ба имзо расонд, ки бар асоси он додани ҳадя ва подоши моддӣ ба кормандони давлат дар ин кишвар мамнуъ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси қонуне, ки Қосим Ҷомарт Токаев имзо кардааст, додани ҳадоё, подошҳои моддӣ ва ҳар гуна хадамот ба кормандони давлатӣ ва аъзои хониводаи онҳо барои анҷоми кор мамнуъ аст.
Ҳамчунин дар ин қонун роҳкорҳое барои ҳаллу фасли бархе аз масоил дар мавриди фасоди идорӣ ва низ таъмини маскани кормандон дар назар гирифта шудааст.
Барчасп