Октябр 19, 2020 18:41 Asia/Dushanbe
  • 38 килограмм гӯшт барои пухти кабоби 10 метрӣ дар Тошканд масраф шуд
    38 килограмм гӯшт барои пухти кабоби 10 метрӣ дар Тошканд масраф шуд

Ошпазони ӯзбек дар "Боғи Наврӯз"-и шаҳри Тошканд кабоби 10 метрӣ пухтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ошпазон ин кабоби 10 метриро бо ҳамкории "Азиз Абдулҳакимов" муовини нахуствазир ва низ Раиси кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарии Ӯзбекистон дар чорчӯби нахустин  "ҷашнвораи кабоби 10 метрӣ" пухтанд.

Ин кабоби 10 метрӣ бо 38 килограмм гӯшти чархкарда дар муддати 15 дақиқа таҳия шуд.

Пухти кабоби 10 метрӣ дар Тошканд
Пухти кабоби 10 метрӣ дар Тошканд 

Тақрибан 15 ҳазор нафар дар нахустин ҷашнвораи кабоби 10 метрӣ ҳузур доштанд.

Ин ҷашнвора бо риояти тамоми муқаррароти беҳдоштӣ баргузор шуд.

 

бештар бихонед:

Барчасп