Ноябр 08, 2020 11:55 Asia/Dushanbe
  • \\\
    \\\"Ҷони падари куҷостӣ\\\" дастмояи ашъоре барои шоирони порсигӯ шудааст

Хонаи адабиёти Афғонистон қасд дорад сурудаҳои шоирони порсигӯро дар бораи ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул дар маҷмӯаи шеърие бо номи “Ҷони падари куҷостӣ” гирдоварӣ ва чоп кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар пайи ҳамлаи террористии дувуми ноябр ба донишгоҳи Кобул ва шаҳодати шуморе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ, Хонаи адабиёти Афғонистон бо ҳамкории ду ташаккули адабии ин кишвар шоирони порсигӯро ба сурудани ашъоре бо мавзӯи ин воқеаи талх ва накӯҳиши иқдомоти террористӣ даъват карда аст.

Фоҷеаи дувуми ноябр дар донишгоҳи Кобул дар шеъри шоирони бисёре, аз ҷумла Алиризо Қазва, Муҳаммадризо Ваҳидзода, ва Муҳаммадҳусайни Ансоринажод аз Эрон ва Саидзиё Қосимӣ, Сӯҳроби Сират ва Қосими сокинӣ аз Афғонистон бозтоб доштааст.

Ҳоло шоирони порсизабон метавонанд барои тадвини маҷмӯаи шеърие бо унвони ошноии “Ҷони падар куҷостӣ?” табъи худро биозмоянд ва сурудаҳояшонро то ҷумъаи 13 ноябр барои Хонаи адабиёти Афғонистон ба нишонии эмейли zahra. [email protected] бифиристанд.

Донишгоҳи Кобул дар шаби мелоди паёмбари акрам (с) ҳадафи ҳамлаи террористии ДИИШ қарор гирифт ва 23 тан аз донишҷӯёни ин донишгоҳ ба шаҳодат расиданд. Ҳамчунин дар ин ҳамлаи террористӣ беш аз 30 тан аз донишҷӯён захмӣ шуданд.

“Ҷони падар куҷостӣ?” паёмаки падаре аст, ки 142 бор бо гӯшии духтараш, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекард ва дар ин ҳодисаи террористӣ ба шаҳодат расида буд, тамос гирифтаву посухе дарёфт накарда буд.

Ҳамин иборати шоирона ба ҳаштаги ғамангезе дар Твиттер ва Инстаграм табдил ва дастмояи ашъоре барои шоирони порсизабон шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп