Идомаи мамнуияти сафарҳои заминии тоҷикистониҳо ба Қирғизистон
Ҳукумати Қирғизистон, ки марзҳояшро ба рӯи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бозгушоӣ карда, мамнуияти рафту омад аз марзи заминиро барои тоҷикҳо ҳамчунон ҳифз кардааст.
Ба гузориши Спутник, бар ин асос тоҷикҳо метавонанд фақат бо парвозҳои ҳавоӣ вориди фурӯдгоҳҳои Бишкек, Ош ва Иссиқ-кул шаванд ва рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишварҳои якдигар аз тариқи гузаргоҳҳои марзии заминӣ ба манзур пешгирӣ аз густариши Ковид 19 ҳамчунон мамнуъ аст.
Қаблан ба далели густариши вируси корона вурӯди атбои Тоҷикистон ба ғайр аз афроде, ки тобеияти дугона бо Русия доштанд ба Қирғизистон мамнуъ буд.
Акнун ин мамнуият лағв шудааст ва тоҷикҳо бояд 72 соат қабл аз парвоз ба Қирғизистон ба лиҳози ибтило ба Ковид 19 гувоҳиномаи саломат дарёфт кунанд.
Дар сурати мушоҳидаи аломати ин беморӣ атбои хориҷӣ пас аз вурӯд ба Қирғизистон ба муддати ду ҳафта карантин хоҳанд шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Гушоиши марзҳои Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо
- Сохти таъсисот дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон мамнуъ шуд