Декабр 11, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ - ро Русия таъмин мекунад
    Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ - ро Русия таъмин мекунад

Нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба раёсати Ӯзбакистон, ки ба сурати видеоӣ баргузор шуд, бо имзои 12 санад ба кори худ поён дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин нишаст вазирони хориҷаи Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Туркманистон ва ҳамчунин мақомоти иҷроии ИДМ ширкат карданд.

Дар поёни ин нишаст 12 тасмиму санад дар заминаҳои мухталифи ҳамкориҳои чандҷонибаи минтақаӣ ба тасвиб расид.

  • Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон дар суханронии худ баргузории муваффақиятомези тамомии маросими барномарезишуда, тасвиби асноди муҳими таъйинкунанда ва тавсеаи беш аз пеши созмонро аз натоиҷи мусбати раёсати давраии Ӯзбакистон бар ИДМ эълом кард.
  •  

Ҷомеаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз фурӯпошии Шуравии собиқ дар 21 декабри 1991 (20 озари 1380) дар Алмаато бо ҳузури раҳбарони ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Украина таъсис шуд ва ду сол баъд Гурҷистон низ ба ин созмони минтақаӣ пайваст.

Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ - ро Русия таъмин мекунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп