Декабр 23, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Кӯшишҳои ИМА барои нигоҳ доштани ҳузури низомӣ дар Афғонистон
    Кӯшишҳои ИМА барои нигоҳ доштани ҳузури низомӣ дар Афғонистон

Сарпарасти Вазорати Дифои Амрико Кристофер Миллер рӯзи сешанбе дар сафаре аз қабл эъломнашуда ба Кобул рафт ва бо Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дидор кард.

Ба назар мерасад сафари ғайри мунтазираи сарпарасти Вазорати дифои Амрико ба Афғонистони он ҳам дар охирин моҳи зимомдории Доналд Трамп дар ростое таъкид бар ин амри суратгирифта, ки бо вуҷуди хуруҷи тадриҷии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон тағйире дар замина ба истилоҳи ҳимоят Вашингтон аз давлати Афғонистон ва нерӯҳои низомӣ ва амниятии он рух нахоҳад дод . Ин амр ба вижа бо тавваҷӯҳ ба хостаи Трамп барои хуруҷи ҳамаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мӯҷиби нигаронии мақомоти афғон шудааст. Ба вижаи ин ки ҳамалоти Толибон ташдид шуда ва музокиракунандагон давлати Кобул ва Толибон низ то панҷуми январи 2021 гуфтугӯҳоро мутаваққиф кардаанд.

 
 
Ҳамдуллоҳ Муҳиб (Hamdollah Moheb ) мушовири амнияти миллии Афғонистон ҳушдор додааст,  ки пас аз омодагии Амрико барои хуруҷ аз Афғонистон ин кишвар бо таҳдиди воқеии ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шудааст.


Дарвоқеъ Амрико, ки бо вуруди худ ба Афғонистон ва ҷангафрӯзӣ дар ин кишвар боиси куштори даҳҳо ҳазор нафар ва вайронии ҳар чӣ бештари ин кишвар шуда акнун бо хуруҷи ғайримасъулонааш аз Афғонистон, боиси эҷоди халаи амниятӣ дар Афғонистон шудааст.

Доналд Трамп бо тавваҷӯҳ ба ваъдаҳои интихоботии худ ва тавофуқи Амрико ва Толибон дар феврали 2020 дастури хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то маҳи 2021-ро содир карда буд. Бо ин ҳол ин амр ба маънои поёни ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар нест. Пештар рӯзномаи Ню-Йорк таймс ва шумори дигар аз расонаҳои амрикоӣ гузориш дода буданд, ки Трамп хитоб ба фармондеҳони аршади низомии Амрико борҳо ибрози тамоюл карда, ки нерӯҳои Амрикои зудтар аз мавъиди зикршуда дар тавофуқномаи Амрико ва Толибон Афғонистонро тарк кунанд. Тибқи дастури Трамп қарор аст шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон то авосити январи 2021 аз 4500 тан ба 2500 нафар коҳиш пайдо кунад.

Бо ин ҳол конгресс ва низ мақомоти аршади низомии Амрико ва Пентогон мувофиқи хуруҷи комили низомиёни ин кишвар аз Афғонистон нестанду лизо интизор меравад, ки бо рӯи кор омадани Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико аз 20 январи 2021 раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ коҳиш ёбад ва тағйире дар ин замина сурат гирад. Ба рағми ин ки аз шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон коста шудааст, аммо бо тавваҷӯҳ ба ташдиди хушунатҳо байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон ва афзоиши қобили тавваҷӯҳи ҳамалоти Толибон ба мавозеъ ва шаҳрҳои ин кишвар, акнун амрикоиҳо истифодаи бештаре аз паҳподҳо дар амалиёти низомии худ дар Афғонистон мекунанд.

Амрико баъд аз ҳодисаи 11 сентябри 2001 ба баҳонаи муборизаи ҷаҳонӣ бо тероризм иқдом ба лашкаркашӣ ба Афғонистону Ироқ кард. Бо ин ҳол ҷангҳои Вашингтон дар ин ду кишвар ҳосиле ҷуз нобудии инсонҳо ва вайронии зерсохтҳо ва густариши тероризм надоштааст. Аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ки 19 сол аз он мегузарад, беш аз 2400 нафар аз низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар кушта ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳузури низомии Амрико ва Нато дар Афғонистон ҷуз куштори мардуми ин кишвар, афзоиши ноамнӣ ва тавлиди бесобиқаи маводи мухаддир ҳосиле барои ин кишвари ҷангзада надоштааст. /

 

Бештар бихонед:

Барчасп