Декабр 24, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Нахустин нишасти руасо ва мақомоти зан дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд
    Нахустин нишасти руасо ва мақомоти зан дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Аввалин нишасти мудирони зани Осиёи Марказӣ ба сурати видеоконференсия баргузор шкд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ин нишаст «Лаззат Рамазонова» раиси камиссиюни миллии занон ва хонаводаи зери назари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, «Ҳилолби Қурбонзода» раиси комитети умури занону хонавода дар давлати Тоҷикистон, «Амира Муҳаммадова» раиси порлумони ( маҷлис ) Туркманистон, «Танзила Набиева» раиси маҷлиси сенати ( маҷлиси олӣ ) Ӯзбакистон, «Марияна Спеларич » намояндаи вижаи дабирикулли Созмони милал дар Осиёи марказӣ ва «наталия Жерман » дастёри дабирикулли Созмони Милали Муттаҳид ва мудири минтақавии Созмони милал барои Аврупо ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ низ ҳузур доштанд.

Дар маросими ифтитоҳия намояндаи вижаи дабирикулли Созмони милал дар Осиёи марказӣ ва дастёри дабирикулли СММ суханронӣ карданд.

Дар ин нишаст «Элвира Сурабалдиева» муовини нахуствазири Қирғизистон ҳузур ёфт ва дар суханронии худ ба нақши бонувон дар ҷиҳати таҳкими хонавода ва ҷомеа ишора карду изъон дошт, ки бояд ба талошҳои раҳбарони зани Осиёи марказӣ аҳамият дод.

Вай гуфт: Ҷумҳурии Қирғизистон аз ибтикори амал барои эҷоди фазои гуфттугӯ бо раҳбарону мудирони зани кишварҳои минтақа ҳимоят мекунад. Ман мӯътақидам, ки бояд тавваҷӯҳи вижае ба умури занон дар мавриди адами тафовути ҳузури занон дар ҷомеа, хушунати хонагӣ, эҷоди банки иттилоотӣ, корофаринии занон ва тавонбахшии онон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шавад.

Вай таъкид кард, ки омода ҳастам  тамоми талоши худро барои кори пурбор дар ин замина анҷом диҳам.

Дар поёни ҷаласа, ширкаткунандагон баёнияи мақомоти зани кишварҳои Осиёи марказиро имзо карданд.

Барчасп