Афғонистон: Чин бояд узрхоҳи кунад
-
Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ки Чин бояд аз Афғонистон барои ҷосусӣ узр пурсад
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон аз Чин хост ба далели ҷосусӣ аз он кишвар узрхоҳӣ кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Амруллоҳ Солеҳ, ки сарпарастии парвандаи таҳқиқ аз ҷосусони чиниро бар ӯҳда дорад рӯзи шанбе дар дидор бо Ванг Ю, фиристодаи Чин дар Кобул гуфт: «Агар Пекин зимни узрхоҳии расмӣ бипазирад, ки бо ин иқдом ҳанҷорҳои байналмилалиро поймол кардааст, давлати Афғонистон метавонад ҷосусони чиниро мавриди афв қарор диҳад. Дар ғайри ин сурат, давлати Афғонистон додрасӣ алайҳи 10 ҷосуси чиниро идома хоҳад дод.»
Идораи амнияти миллии Афғонистони 10 шаҳрванди чиниро ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Афғонистон боздошт кардааст, ки бар асоси гузоришҳо бо идораи иттилоот ва амнияти миллии Чин дар иртибот будаанд.
Пеш аз ин як расонаи ҳиндӣ ба нақл аз манобеъ дар раёсати амнияти миллии Афғонистон эълом карда буд ҷосусони чинӣ барои радёбӣ ва назорат бар уйғурҳои фирории иттилоотиро ба давлати ин кишвар гузориш мекарданд.