Декабр 28, 2020 16:20 Asia/Dushanbe
  • Абдулатиф Педром куштори шаҳид Қосим Сулаймониро ҷиноят алайҳи миллати Эрон номид
    Абдулатиф Педром куштори шаҳид Қосим Сулаймониро ҷиноят алайҳи миллати Эрон номид

Раҳбари Ҳизби Конгресси Миллии Афғонистон қатли Шаҳид Қосим Сулаймониро ҷиноят алайҳи миллати Эрон номид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , раиси Ҳизби конгресси миллии Афғонистон Абдулатиф Педром рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ин расона ба муносибати солрӯзи шаҳодати сардор Қосим Сулаймонӣ гуфт: «Ҷинояти Трамп дар шаҳид кардани сардор ва қаҳрамони мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ  қобили бахшиш нест.»

 

Педром афзуд: «Давлати Амрико ба унвони намоди тероризми давлатӣ ба далели тарсе, ки аз иқдомоти шуҷоъона ва зиддитеррористии шаҳид Сулаймонӣ дошт дар иқдомии ҷинояткорона, маҳбуби дилҳоро террор кард.»

Ин узви собиқи маҷлиси Афғонистон таъкид кард: «Давлати Амрико решаи бузургтарин шароратҳои ҷомеъаи башарӣ ва тероризми давлатӣ аст, ки ин мавзӯ бар касе пӯшида нест.»

Сардор сипаҳбуд Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯии Қудси сипоҳи посдорон ва Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис муовини Созмони Ал-Ҳашду Шаъбии ( басиҷи мардумӣ ) Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар рӯзи сеюми январи 2020 ба дастури Доналд Трамп ва бо тирандозии паҳподҳои артиши Амрико дар Бағдод ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп