Эҷоди бузургтарин минтақаи транзитии Аврупо ва Осиё
-
Эҷоди бузургтарин минтақаи транзитии Аврупо ва Осиё
Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай эълом кард, густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи ҳамлу нақл дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай ба эҷоди бузургтарин минтақаи транзитӣ байни Аврупо ва Осиё кӯмак хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс аз Тошканд, «Владимир Норов» дар мавриди нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар сиёсати ҷаҳонӣ гуфт: Ин созмон дар 20 соли фаъолияти худ дар системаи равобити байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаеро касб ва худро ба унвони як созмони мӯътабар дар танзиму иҷрои бархурдҳои ҳамаҷониба дар заминаи ҳифзу таҳкими саботи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ муаррифӣ кард.
Дабири кулли СҲШ афзуд: муқобила бо ситезаҷӯиҳо ва таҳдидоте монанди тероризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ба унвони таҳдиде барои тамомияти арзи кишварҳо, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта дар конуни тавваҷӯҳи ин созмон қарор дорад.
Норов ҳамчунин зарурати таваҷҷӯҳи махсусро ба таҳкими ҳамкориҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар доираи Созмони Шанхай таъкид кард, то дар ташкили минтақаи транзитии калонтарин дар байни Аврупо ва Осиё кӯмак кунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар торихи 15 июни соли 2001 милодӣ дар Шанхайи Чин таъсис шуд.
Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.
Бештар бихонед: