Январ 27, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия порсол коҳиш ёфт
    Сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия порсол коҳиш ёфт

Созмони Хадамоти муҳоҷирати Русия эълом кард: 12 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон тобеияти ин кишварро дар соли 2020 дарёфт кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бинобар омори Вазорати корҳои дохилии Русия, ба далели ҳамагирии вируси корона ва маҳдудият дар кору мусофират дар соли 2020, сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон барои дарёфти иқомат ва шаҳрвандии Русия 318 ҳазор нафар камтар аз соли 2019 мелодӣ будааст.

Аз ҳар 10 нафар шаҳрванди Қирғизистон, ки тоза вориди Русия шудаанд, 8 нафар барои кор ба ин кишвар сафар мекунанд.

Дар соли 2020 дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Узбакистон бештарин ҷамъияти довталаби иқомат дар Русия будаанд ва пас аз онҳо ба тартиб тоҷикистониҳо, украиниҳо ва қирғизистониҳо дар радаҳои баъдӣ қарор доранд.

Маскав ва Санкт Петербург маҳбубтарин манотиқи фаъолият барои муҳоҷирони корӣ ба шумор мераванд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп