Истифодаи низомиёни амрикоӣ аз кӯдакони афғон барои поксозии домҳои тарканда
(last modified Mon, 01 Feb 2021 06:05:57 GMT )
Феврал 01, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Кӯдакони афғон дар домҳои таркандаи низомиёни амрикоӣ
    Кӯдакони афғон дар домҳои таркандаи низомиёни амрикоӣ

Як низомии амрикоӣ дар Афғонистон фош кард, ки низомиёни кишвараш барои ёфтани домҳои тарканда дар шаҳрҳои он кишвар аз кӯдакони афғон истифода мекарданд.

Ба гузориши ИРНА, ин низомии амрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад ба ҷиноёти ҷангӣ дар Афғонистон эътироф карду гуфт кӯдакони ин кишварро ба баҳонаи оби наботу асбоби бозӣ ба кӯчаҳое, ки имкони вуҷуди домҳои инфиҷорӣ бошад мекашидем, то мутмаин шавеми масир аз маводи тарканда холӣ аст.

Ин дар ҳолест,  ки пойгоҳи хабарии таҳлилии "Интеркепт  " Intercept амрикоӣ моҳи гузашта дар гузоришии гурӯҳҳои марги созмони иттилооти марказии Амрико (CIA )-ро масъули куштори кӯдакони афғон эълом карда буд.

 
Мудири вобастаи бахши Осиё дар дидбони ҳуқуқи башар Патрисия Гусман низ дар ин хусус гуфт: " CIA муддатҳост,  ки ҷанги Афғонистонро ба унвони ҷанги худ медонад."


Дар ҳар ҳол, ҷангу хунрезӣ дар Афғонистон ба рағми ваъдаҳои фиребдиҳанда ва дуруғини Амрико мабни ба мубориза бо тероризм ва таъмини амният ҳамчунон идома дорад ва мардум қурбонии ин ҷанги шикастхӯрдаи Амрико ҳастанд. 

 

Бештар бихонед: