Ташкили дубораи вазорати дифои Қирғизистон
Бо фармони раиси ҷумҳӯри Қирғизистон вазорати дифои ин кишвар ташкил шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз АКИ Пресс дар ин фармон омада аст ,ки бо ҳадафи тавсеъаи сомонаҳои контроли нерӯҳои мусаллаҳ ва бо истинод ба бахши 8 модаи 64 ва модаи 65-и Қонуни асосӣ , тасмим гирифта шуд кумитаҳои умури хориҷа , умӯри дифоӣ ва ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо номи вазорати дифои ҷумҳӯрии Қирғизистон бо якдигар пайваст шаванд.
Бо тавваҷуҳ ба ташкили дубораи ин вазоратхона дар сохтори давлат ,сарлашкар Тиллобек Омуралиев вазири дифо хоҳад шуд.
Омуралиев пеш аз ин раиси ситоди кули нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон буд.
Омуралиев дар ҳудуди 40 амалиёти низомии зидди гуруҳҳои террористии байналмиллалӣ дар Афғонистон ширкат карда аст.
Бештар бихонед:
- Додани шаҳрвандии Русия ба 12 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон
-
Нахустин изҳороти Ҷабборов баъд аз расидан ба раёсати ҷумҳурии Қирғизистон