Корпартоии саросарии саррофон дар Афғонистон
Саррофони Афғонистон дар эътироз ба лағви муҷаввиз(иҷозатнома)и фаъолияти худ ҳамчунон дар эътисоб(корпартоӣ) ба сар мебаранд.
Ба гузориши ИРНА, давлати Афғонистон муҷаввизи феълии саррофонро бекор карда ва аз онҳо хоста,ки дархости муҷаввизи нави худро ки дорои ҳуҷҷати омӯзиши олии муртабит бо саррофӣ ҳастанд, сабт кунанд ва ё инки назди бонк замонати пулӣ бисупоранд.
Ин тасмими давлат боис шуд, ки саррофони Афғонистон аз рӯзи шанбе фаъолиятҳои худро мутаваққиф карда ва муҷиби бурӯзи мушкилоти зиёдӣ дар умури арзии ин кишвар шаванд .
Саррофони Афғонистон эълом карданд то замоне ки давлат аз ин иқдоми худ сарфи назар накунад ҳамчунон ба корпартоӣ идома медиҳанд .
Давлати Афғонистон муддаӣ аст саррофиҳо маншаи пулшӯӣ ҳастанд ва ҳамчунин шуморе аз террористҳо ва қочоқчиён низ аз ин тариқ пулҳои ғайриқонунӣ ҷобаҷо мекунанд .
Бештар бихонед: