Феврал 09, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаҳои мазҳабӣ дар Қирғизистон мехоҳанд духтаронашон бе ҳеҷ мушкилӣ бо ҳиҷоб ба мактаб раванд
    Хонаводаҳои мазҳабӣ дар Қирғизистон мехоҳанд духтаронашон бе ҳеҷ мушкилӣ бо ҳиҷоб ба мактаб раванд

Муовини муфтӣ ва бархе аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Қирғизистон аз раиси ҷумҳурии ин кишвар хостаанд, ки масъалаи манъи рӯймол дар мактабҳои кишварро ҳал кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Қодир Маликов, муовини муфтии Қирғизистон дар як конференсияи хабарӣ таъкид кард, ки набояд истифода аз рӯймол ба вижа дар мактабҳои кишвар манъ шавад. 

Вай гуфт: «Ин маҳдудият мумкин аст паёмадҳои ҷуброннопазире дошта бошад . » 

Маликов афзуд: «Фарзандони хонаводаҳои мазҳабӣ мехоҳанд таҳсилоти барӯз дошта бошанд, пас бояд ҳуқуқи баробар барои ҳар фард дар кишвар вуҷуд дошта бошад  ва ин ҳуқуқ бояд тазмин шуда бошад. » 

"Доштани рӯймол дар дини насронӣ низ маъмул аст ва диндории шахс набояд ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд кунад" гуфт узви калисои ортодоксии Русия архиепископ Алексей Сиромитников.
 
Аммо, муовини вазири дини Қирғизистон Динара Ҷамгирчиева дар ин конфронс гуфт, ки барои пӯшидани рӯймол дар мактабҳо ҳеҷ монеае вуҷуд надорад ва Вазорати маориф кӯшиш хоҳад кард, ки дар сурати ворид шудани шикоятҳо посух диҳад.

Фаъолони ҳуқуқи башари ин кишвар 150 шикоят аз мамнӯъияти истифода аз рӯймол дар ду моҳи гузашта дарёфт кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп