Хабарҳои ба ҳам зид аз кушта шудани раҳбари Толибон
Бархе манобеи хабарӣ дар Кувайтаи Покистон аз кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода- раҳбари Толибон дар як таркиш хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, рӯзномаи “Ҳашти субҳ”- Афғонистон навишт: Бар асари таркише дар шаҳри Кувайтаи Покистон мулло Ҳайбатуллоҳ- раҳбари Толибон,мулло Мутеъуллоҳ-раиси амният ва Ҳофиз Абдулмаҷид-масъӯли молии Толибон ҷон бохтаанд.
Ин таркиш дар минтақаи ҳифозатшудаи марбут ба Ҳофиз Абдулмаҷид дар минтақаи «Чолўи боварӣ»-и шаҳри Кувайта дар иёлати Балучистони Покистон рух додааст .
Гурӯҳи Толибон ва манобеи мустақили дигар то кунун дар ин бора изҳори назар накарда, аммо бархе манобеъ ин хабарро такзиб кардаанд.
Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки дар даврони ҳукуматдории Толибон қозиюлқуззот буд пас аз кушта шудани Ахтар Муҳаммади Мансур-раҳбарии Толибонро бар ӯҳда гирифт.
Дар ҳамин ҳол Ториқ Ориян-сухангӯии вазорати дохилаи Афғонистон эълом кард, ки бар асари инфиҷори як худрави бомбагузоришуда дар таҷаммуъи Толибон дар шаҳристони Чимтоли вилояти Балх, 22 тан аз аъзои ин гурӯҳ кушта ва 8 тани дигар ҳам захмӣ шудааанд.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда таркиши рӯзи гузашта дар масҷиде дар вилояти Балх низ боиси кушта шудан 30 тан аз аъзоии Толибон аз ҷумла шаш хориҷӣ шуд
Бештар бихонед:
- Бомбаи худсохти Толибон 30 узви ин гурӯҳро кушт
-
Эътирози Толибон ба тасмими Конгресси Амрико дар бораи хуруҷ аз Афғонистон