Толибон кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳро рад кард
(last modified Sun, 14 Feb 2021 10:38:08 GMT )
Феврал 14, 2021 15:38 Asia/Dushanbe
  • Муҷоҳид: Раҳбари Толибон дар шаҳри Кувайтаи Покистон зиндагӣ намекунад
    Муҷоҳид: Раҳбари Толибон дар шаҳри Кувайтаи Покистон зиндагӣ намекунад

Сухангӯи Толибон кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода-раҳбари ин гурӯҳро бар асари инфиҷор дар Покистон такзиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид-сухангӯии Толибон эълом кард, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода-раҳбари ин гурӯҳ дар шаҳри Кувайтаи Покистон зиндагӣ намекунад, ки ҳодисаи инфиҷори барояш рух дода бошад.

 Бархе расонаҳои Афғонистон имрӯз эълом карданд, ки раҳбари Толибон ба ҳамроҳи чанд нафар аз аъзои аршади ин гурӯҳ дар инфиҷоре дар минтақаи Чолўи боварии шаҳри Кувайтаи Покистон кушта шуд.

  Муҷоҳид афзуд: Дар чанд моҳ қабл низ хабаре бо ҳамин ҷузъиёт мунташир шуд, ки Толибон дар он замон ҳам ин хабарро рад кард ва ин бор ҳам мегӯем, ки ин хабари нодуруст ва дур аз воқеъият аст.

  Сухангӯи Толибон интишори ин ахборро кори душманони ин гурӯҳ донист ва муддаӣ шуд : Мухолифони Толибон ҳар гоҳ таҳти фишор қарор мегиранд ва ё эҳсоси хатар мекунанд ба овозахо доман мезананд то зеҳнҳои мардумро норушан кунанд.

 

Бештар бихонед :