Феврал 15, 2021 12:32 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон забони русиро канор мегузорад
    Узбекистон забони русиро канор мегузорад

Давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳазфи забони русӣ аз забони марокизи омӯзишӣ ва гуфтугӯи рӯзона талош мекунанд.

Дар ин росто, давлати Узбекистон низ эълом кардааст, қасд дорад то оғози соли 2023 забони узбекиро ба таври комил аз алифбои кириллии русӣ ҷудо ва аз алифбои лотин истифода кунад.

Вазорати додгустарии Узбекистон бо интишори баёнияе эълом кард: “давлати Тошканд таърихи мушаххас шуда ва нақшаи роҳи ин тарҳро таъйид кардааст”.

Пеш аз ин, ҷумҳурҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Аврупо Шарқӣ ва Марказӣ ҳазфи пасванди номи хонаводагӣ вахату забони русиро дар дастури кор қарор дода буданд. Дар ҳамин иртибот, бархе кишварҳои ин манотиқ пас аз эъломи ҳазфи хат ва забони русӣ, аз мавозеъи худ боз гашта ва бори дигар мавзӯи истифода аз хат ва забони русиро дар дастури кор қарор додаанд. Ба унвони мисол, ҷумҳурии Озарбойҷон пеш аз ҷанги Қарабоғ, талош кард, забони русиро аз гуфтумони расонаҳо ва ҷомеъаи ин кишвар бизудояд. Аммо ас аз муддате ва эҳтимолан таҳти фишорҳои Русия, бори дигар ба забони русӣ ба унвони як авлавият бозгаштааст.

Дар ин замина, Пётр Коломиест, коршиноси сиёсӣ дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, гуфтааст: “бо нигоҳе ба ҳаводиси ахири Қарабоғ ва дурии нахуствазири Арманистон аз Русия ин мавзӯ комилан дарк мешавад, ки фосила гирифтани кишварҳои ин ҳавза аз Маскав, хатарҳое барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар пай хоҳад дошт”.

Бадеҳист, ки ҳазфи хату забони русӣ метавонад кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро аз фарҳанги русӣ дуртар ва дар ниҳоят мустақилтар намояд. Дар ҳоле, ки раҳбарони кишварҳои ин ҳавза дар тамомии нишастҳои расмӣ дар солҳои пас аз истиқлол аз соли 1991, ҳамвора ба забони русӣ бо якдигар гуфтугӯ кардаанд. Ин мавзӯ нишон медиҳад, ки кишварҳои ин минтақа таҳти фишорҳои хориҷӣ ба самти тағйири хат ва забони лотин ё русӣ мутамоил ва тарғиб шудаанд. Ин дар ҳоле аст, ки одоб ва русӯми миллатҳо ба зур ва иҷбор тағйир намекунад ва ҳаёти як фарҳанг ба ҳаёти ҳамон миллат бастагӣ дорад.

Ногуфта намонад, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, забони русӣ ба унвони забони дувум матраҳ аст. Дар ҳақиқат яке аз қавоиди нонавишта ва муътабари даврони Шуравӣ, шарти иртиқо дар низоми сиёсӣ ва идориро ошноии комил ба забони русӣ дониста қаламдод мешуд.

Дар айни ҳол, ҷумҳуриҳои ин минтақа аз назари ҷуғрофиёӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва забонӣ аз Ғарб фосила доранд. Илова бар ин, талоши ахири Узбекистон барои пайвастан ба сафҳои кишварҳое, ки ҳазфи хат ва забони русиро дар дастури кор қарор додаанд, бо ташкил ва тақвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ниёз ба забони русӣ беш аз пеш тақвият шудааст.

Бо тавваҷуҳ ба ин шароит, ин дарки фазоянда вуҷӯд дорад, ки ин мавзӯ ниёз ба як рӯйкарди мантиқӣ ва ақли салим дорад ва набояд мушкилоти забонӣ, сиёсӣ шавад. Дар ин миён, бояд гуфт, Узбекистон яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба заруратҳои бархурдорӣ аз давлати миллӣ пайбандии бештаре нишон медиҳад. Раҳбарони Узбекистон, ки муддаии ташкили давлати бузургро дар тӯли таърих доштаанд, гоҳ низ ин иддаоро дар мавриди ҳамсоягони худ матраҳ мекардаанд, эҳсосоти миллигароёна бисёр боло аст.

Дар канори ин омил, тасаллути узбекҳо дар бофти қавмии кишвар мӯҷиб шудааст то ба осонӣ ваҳдати забонӣ дар ин кишвар таҳаққуқ ёбад.

Бо вуҷӯди ин воқеъият, бояд гуфт, давлатмардони узбек дар солҳои гузашта бино бар мулоҳизоти сиёсӣ ё иқтисодӣ ва робита бо Русия, натавонистаанд аҳдофи хат ва забони миллии худро муҳаққақ созанд.

Ба назар мерасад, талошҳои давлати Тошканд барои ҳазфи хат ва забони Русия бори дигар бо мавонеъ мувоҷеҳ шавад. Баъид аст, ки дар кӯтоҳмуддат давлати Тошканд битавонад хату забони русиро аз ҷомеъаи Узбекистон ҳазф намояд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: 

 

 

 

Барчасп