Ҷашни Наврӯз дар Қазоқистон 10 рӯза мешавад 
(last modified Mon, 15 Feb 2021 13:20:19 GMT )
Феврал 15, 2021 18:20 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси ин қонун ойинҳои иди Наврӯз дар Қазоқистон аз 14 то 23 март барпо мешавад
    Бар асоси ин қонун ойинҳои иди Наврӯз дар Қазоқистон аз 14 то 23 март барпо мешавад

Пешнависи қонуни нави бузургдошти иди Наврӯз дар Қазоқистон ба муддати 10 рӯз омода ва барои ироа ба афкори умумӣ дар як пойгоҳи интернетӣ қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳадаф аз таҳияи ин пешнавис тарвиҷ ва ниҳодина кардани арзишҳои муштараки фарҳангӣ барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар ин кишвар эълом шудааст.

Тасвиби ин қонуни нав, баргузории ҷашни Наврӯзро дар Қазоқистон ғанитар мекунад.

Бар асоси ин қонун, ойинҳои иди Наврӯз дар Қазоқистон аз 14 то 23 март барпо мешавад ва ҳар рӯз бо як унвони вижае монанди рӯзи Салом, рӯзи Табиат, рӯзи ёдбуди ниёкон, рӯзи таърих ва рӯзи хираду дониш гиромӣ дошта хоҳад шуд.

Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сомондеҳии рӯйдодҳои наврӯзӣ бояд ба афзоиши маҳбубияти арзишҳои миллӣ аз тариқи тарвиҷи либосҳои миллӣ, созмондеҳии бозиҳои маҳаллӣ, пахши мусиқии миллӣ дар маконҳои умумӣ ва эҳёи одобу суннатҳои миллӣ тавваҷуҳ шавад.

Наврӯз, ки хостгоҳи он дар Эрони бостон аст, дар Эрон ва Афғонистон оғози соли нав маҳсуб мешавад ва ин ҷашн дар бархе дигар аз кишварҳо ҳамчун Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ироқ, Сурия Гурҷистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Албания, Туркия, Туркманистон, Ҳинд, Покистон ва Узбакистон низ баргузор мешавад ва дар ин кишварҳо аз як то чанд рӯз таътили расмӣ аст.

 

Бештар бихонед: