Таҷаммӯи марзнишинони қирғизӣ дар "Бишкек" дар эътироз ба авзои марзӣ
(last modified Tue, 16 Feb 2021 17:59:26 GMT )
Феврал 16, 2021 22:59 Asia/Dushanbe
  • Эътирозгарон даъво доштанд, ки кишварҳои ҳамсоя \
    Эътирозгарон даъво доштанд, ки кишварҳои ҳамсоя \"сиёсати экспансионистиро\" пеш мебаранд

Бархе сокинони манотиқи марзии Қирғизистон дуввумин рӯзи паёпай бо таҷамӯъ дар муқобили сохтмони давлат расидагии раиси ҷумҳурии ин кишвар ба масоли марзиро хостор шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикки Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, сокинони мӯътаризи манотиқи марзии Қирғизистон ба масъулон пешниҳод карданд худ ба манотиқи марзӣ сафар кунанд ва бубинанд, ки дар марзҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо Қирғизистон чи иттифоқе меафтад.

Онҳо муддаӣ шуданд, ки кишварҳои ҳамсоя ба "сиёсатҳои тавсиаталабон"-ро дунбол мекунанд.

 

Яке аз мӯътаризон дар ин таҷаммӯъ гуфт: бархе дар ҳоли кошти ниҳол дар сарзаминиҳои мо ва бархе дар ҳоли тасхири кӯҳҳои мо ҳастанд ва давлати мо ба умури дохилӣ машғул аст.

 

Мӯътаризон ҳамчунин аз суханони Улуғбек Маъруфов сарвазири ин кишвар дар мавриди тааллуқ махзани "Турткӯл" ба кишвари Тоҷикистон ибрози хашм карданд.

Суханони сарвазири ҷадид Қирғизистон дар бораи вогузории сарчашмаи канали обрасонии Турткӯл ба Тоҷикистон дар марзи муштараки ин ду кишвар чанде пеш эътирози намояндагони маҷлиси Қирғизистонро барангехта буд. 

Улуғбек Маъруфов сарвазири ҷадиди Қирғизистон ҳангоми касби райи эътимод дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфта буд: Сарчашмаи канали обрасонӣ ба сарбанди вилояти Боткент бар асоси тавофуқ бар сари аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон ба кишври ҳамсоя вогузор шуд."

Дар ҳамин ҳол Раҷаббой Аҳмадзода шаҳрдори Хӯҷанд имрӯз дар як нишасти хабарӣ эълон кард: Тоҷкистон на як ваҷаб аз хоки худро бар қирғизҳо медиҳад ва на қасд дорад як ваҷаб аз хоки Қирғизистонро бигирад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп